Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Эрдуғон дар бораи талоши кудетои соли 2003


Рӯзи ҷумъа нахуствазири Туркия эълон кард, ҳамаи ононе, ки бар зидди демократия дар ин кишвар сӯи қасд кардаанд, ба додгоҳ кашонда мешаванд. Нахуствазир Реҷеп Тайип Эрдуғон дар ин маврид расидагиҳо бар парвандаи низомиён барои талоши кудетои соли 2003-ро дар назар дорад. Эрдуғон ба таври мустақим ба ин расидагиҳо ишора накард, вале гуфт, ки "касе аз қонун боло буда наметавонад, касе масъуният надорад ва касе соҳибимтиёз нест" . Ҳафтаи ҷорӣ мақомоти Туркия 50 афсари аршади низомии мустаъфӣ ё сари корро дар робита бо талоши кудетои низомии соли 2003 боздошт карданд. Ин боздоштҳо мухолифати низомиёни дунявӣ ва ҳукумати исломгарои Эрдуғонро ташдид бахшидааст ва таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳукмат барномаҳои махфии исломиро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG