Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии 25 шикояти номзадҳо ва аҳзоби сиёсӣ


Дафтари матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз 25 шикояти номзадҳо ва аҳзоби сиёсии кишвар дар робита ба раванди корзори интихоботӣ парлумонӣ баррасӣ шудааст. Шералӣ Шарипов, масъули Дафтари матбуотии Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин муддат 7 шикоят аз сӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ирсол шудааст ва боқӣ 18 парвандаи дигар ба шикоёти номзадҳои инфиродӣ марбут аст. Ба гуфтаи ӯ, номзадҳо аз ҳавзаҳои шаҳру навоҳӣ аксарияти шикояткунандагонро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG