Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Ҳинду Покистон баъди ҳаводиси Мумбай


Баъди ҳамлаҳои маргбори Мумбайи Ҳиндустон, ки ҷараёни кунди сулҳ миёни Ҳинду Покистонро муттавақиф кард, мақомоти баландпоияи ду кишвар бори аввал бо ҳам мулоқот карданд.

Ҳиндустон ин мулоқотро “нахустин гом” ба самти барқарори эътимод хонд. Вазирони умури хориҷаи ду кишвар пас аз чаҳордаҳ моҳ бори аввал бо ҳам дар шаҳри Деҳлӣ гуфтӯгу ва роҳҳои ба ҳаракат даровардани ҷараёни сулҳро баррасӣ намуданд. Тоҳири Сафар гузориш медиҳад.

Дар мулоқоти шаҳри Деҳлӣ, таваҷҷӯҳ ба масъалаи эҳёи эътимод ва коҳиши танишҳо миёни Ҳинду Покистон буд, ки аз ноябри соли 2008 то кунун муносиботашон дар сатҳи пасте қарор дошт. Баъди ҳамлаи 10 тундрави мусаллаҳ ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар он сол, ки бо марги 166 нафар анҷом ёфт, ҳукумати Ҳинд тамоми муколамаҳо бо Покистонро муттавақиф кард. Нирупама Рао - вазири умури хориҷаи Ҳинд ва Салмон Башир ҳамтои покистонии ӯ дар шаҳри Деҳлӣ 90 дақиқа як ба як гуфтӯгу карда ва сипас ҳайъатҳои дигар ба онҳо пайвастанд. Салмон Башир дар шурӯъи мулоқот бо хушбиние бо хабарнигорон сӯҳбат кард ва гуфт, Покистон хоҳони баррасии тамоми масоил бо Ҳинд аст ва таъкид кард, ки Покистон ба ҳалли масъалаи вилояти Кашмири тақсимшуда авлавият медиҳад” ман аз бозгашт ба Деҳлӣ хушҳолам. Кохи Ҳайдаробод маҳалли ошное барои мост ва мо мунтазири мулоқоти бисёр хуб ва созанда ҳастем”.

Ҳиндустон возеҳ кардааст, ки масъалаи терроризм бояд ягона масъалаи мавриди баррасӣ дар ин музокирот бошад. Ва таъкид мекунад, пеш аз гуфтӯгу доир ба ҳалли бӯҳрони Кашмир ва масоили васеъи ҷараёни сулҳи чаҳорсола, Покистон бояд шабакаҳои терористии мавҷуд дар қаламравашро нобуд кунад. Дақиқтараш Ҳинд мехоҳад, то Покистон алайҳи тундравоне, ки ба ҳамлаҳои Мумбай иртибот доштанд, иқдом кунад. Ҳиндустон ҳамчунин хоҳони он аст, ки Исломобод ифротгароёни зидди он кишварро аз паноҳгоҳ маҳрум намояд, ки ин тундравон аз Покистон вориди Ҳинд ва иёлати Кашмири таҳти контроли Ҳинд шуда ва ҳамла анҷом медиҳанд.

Созиш барои идомаи музокирот

Бо назардошти дастури кори мулоқоти рӯзи панҷшанбе ва тирандозии кӯтоҳи миёни нерӯҳои марзбонии Ҳинду Покистон пеш аз оғози мулоқот, чизи зиёде аз ин мулоқот интизор надоштанд. Паланиапан Чидамбарам - вазири умури дохилаи Ҳинд ба хабарнигорон гуфт, “аз гуфтугӯ доир ба гуфтугӯ” чандон хушбин нест. Аммо дар воқеъ, ба гуфтаи баъзе аз таҳлилгарон беҳтарин натиҷа аз ин мулоқот, созиш дар мавриди идомаи гуфтӯгуҳост.

Воқеъияти дигар ин аст, ки гуфтӯгуи вазирони умури хориҷаи ду кишвари рақиб, ки аз соли 1947 то кунун се маротиба бо ҳам ҷангидаанд ва ду маротиба ба сари иёлати Кашмир худ як пешрафт аст. Баъзе аз кашмириҳо ибрози умедворӣ мекунанд, ки мулоқоти ахири ду тараф дар ниҳоят ҳосил хоҳад дод ва бӯҳрони мушкилофарин барои зиндагии иёлати Кашмирро ҳал хоҳад кард. Рашид Муфтӣ сокини шаҳри Сринаган пойтахти иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳинд мегӯяд: “Кашмир на танҳо мушкили аслии Ҳинду Покистон, балки тамоми Осиёст. Масъалаи Кашмирро ҳал кунед, тамоми чиз хуб мешавад. Ҳама чиз аз роҳи осоишта дуруст мешавад, аммо ҷанг моро ба ҳеҷ ҷое намерасонад”.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, Амрико дар роҳи бозгардонидани Ҳинду Покистон ба муколама нақши калидиро иҷро кардааст. Нақши ин ду кишварро дар истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ҳаётӣ медонанд ва Амрико, ки барои мубориза бо Толибон нерӯҳои бештар эъзом мекунад, намехоҳад, то таниш миёни Ҳинду Покистон афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG