Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи тунди Кумиссиёни Марказии Интихоботи Тоҷикистон


Кумиссиёни Марказии Интихоботи Тоҷикистон аз арзёбии нозирони байналмилалӣ аз корзори интихоботи порлумонии кишвар ибрози тааҷуб карда ва баҳои онҳоро нодуруст хондааст. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аввали ин ҳафта бо нашри гузориши дуввуми миёндавраӣ доир ба интихоботи Тоҷикистон, аз шеваи мудирияти корзори таблиғотӣ, расидагӣ ба шикоятҳо ва шаффофияти кори ниҳодҳои интихоботӣ изҳори нигаронӣ карданд. Аммо Кумиссиёни Марказии Интихобот бо нашри баёнияи тундлаҳне гуфтааст, нозирони хориҷӣ, бо нашри маълумот ва фактҳои носанҷида, на танҳо раъйдиҳандагони тоҷик, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба иштибоҳ меандозанд. Ба гуфтаи кумиссиён, қазовати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз корзори интихоботӣ “дасисанагезона” будааст.
XS
SM
MD
LG