Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот ва ҷавонон


Ин субҳ сӯҳбати ду ҷавондухтари тахминан 18-солае таваҷҷӯҳи маро ҷалб кард, ки бо ишора ба овезаи аксдоре дар тирезаи автобус, яке ба дигарӣ мегуфт, мисле, ки боз нафаре гум шудааст. Духтари дуввум ба акс наздик шудаву, баъд аз мутолиаи навиштаҷот дар варақаи тарғиботии як номзад, ба дугонааш гуфт, ин барои интихобот будааст ва дар пай хабар дод, ки барои аввалин бор ба ӯ низ даъватномаи ширкат дар ин маърака омадааст. Вақте сӯҳбати онҳо сари мавзӯи иштирок дар интихобот рафт, духтарон ба ҳам гуфтанд, ин аз вақташон вобаста аст, агар бекор бошанд, хоҳанд рафт.

Баъд аз шунидани сӯҳбати ин ду духтар, дар зеҳни ман суолҳои зиёде пайдо шуд. Рӯзи якшанбе мо пойи сандуқҳои раъй меравем, то вакилони маҳаллу шаҳр ё парлумони худро интихоб кунем, вале ҷавонон дар робита ба барномаҳои аҳзобу вакилон чӣ медонанд ва овози худро ба кӣ хоҳанд дод? Бо ин суолҳо аз автобус поин шудам ва ба чанд ҷавон муроҷиат кардам.

“Кӯшиш мекунам, ки дар интихобот иштирок кунам.
Номзадҳои ноҳияи худро мешиносед?
Не
Баъд ба кӣ овоз медиҳед?
Хайр равем, баъд мебинем.”
“Ростӣ гап ман дар ин бора маълумот надорам ва дар фикраш ҳам нестам. Дар фикри кору дарсам ҳоло. Вақти холӣ надорам.”


Аксари ин мусоҳибонам, ки донишҷӯянд, аз замони баргузории интихобот огоҳанд, вале намедонанд ба тарафдории кӣ овоз диҳанд, зеро бо номзадҳои шаҳру маҳалли худ ошно нестанд ва ҳатто ному насаби ягон нафареро намедонанд.

Аммо гурӯҳи ҷавононе дигаре ҳам, ки то ҳадде аз кӣ будани номзадҳои худ огоҳанд ва ҳам зарурати ширкат дар интихоботро хуб дарк мекунанд, мегӯянд, то ҳол тасмим нагирифтаанд, ки райъи худро ба ҷонибдории кадом номзад хоҳанд дод, зеро роҷеъ ба фаъолияти онҳо маълумоти кофӣ надоштаанд.

“То ҳол ягон номзади ҳавзаи худро аз наздик надидаам ва аз барномаҳояшон ҳам хуб огоҳ нестам. На танҳо ман, балки ҳамаи онҳое ҳам, ки дар маҳаллаи мо зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин мушкил доранд. Иллати асоси боз ҳам, ҳамон муаррифӣ нашудани номзадҳо аст.”

Вале дар миёни ин ҷавонони пурсидашуда 2 нафар мушаххас посух доданд, ки ба тарафдории Ҳизби наҳзат раъй медиҳанд. Зимнан, ин ҳизб дар баробари ҳизби ҳоким - Халқӣ Демократӣ дар тарғибу ташвиқи интихоботӣ ба фарқ аз дигар аҳзоби сиёсии кишвар хеле фаъол аст ва аксар чорабиниҳои тарғиботии он барои ба даст овардани дили раъйдиҳандаи ҷавон равона шудааст.

“Муҳим дар Ислом ростқавлӣ аст, шояд номзад аз ҳизби наҳзати ислом ба ваъдаҳои кардаи худ вафо кунад.”

Аксарият як омили камфаъол будани ҷавононро дар интихобот, ба ноогоҳии сиёсии онҳо марбут медонанд. Бо ҳадафи фаъол кардани ин қишр дар интихоботи пешорӯ, чанде пеш Созмони амният ва ҳамкории Аврупо миёни 70 ҳазор муҳассили тоҷик нишасти иттилоотиву мубоҳисавӣ ташкил кард. Ҳамчунин, ин шабу рӯз дар минтақаи Кӯлоб ҳам созмони ҷамъиятии “Ранҷбар” дар ин самт бо ҷавонон кор мебарад. Бо гирди ҳам овардани ҳудуди даҳ ҳазор ҷавоне, ки имсол аввалин бор ба раъйдиҳӣ мераванд, масъулини ин созмон мехоҳанд, миёни онҳо зарурати ширкат дар ин маъракаи муҳими сиёсиро ташвиқ мекунанд.

Абдулло Қодирӣ сиёсатшиноси тоҷик, як омили бетаваҷӯҳии ҷавононро ба интихобот, дар фаъолияти камранги парлумони кишвар марбут медонад. Ба қавли ӯ, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки вакилони парлумон то имрӯз амалан дар расидагӣ ба мушкилоти ҷавонон коре накардаанд, мутаносибан интихобот ва ҳар тағйирот дар он барои ин қишри ҷомеа камарзиш шудааст. Абдулло Қодирӣ мегӯяд, барои ҷалби ҷавонон ба раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ, бояд довталабони курсиҳои вакилӣ, на як ё ду моҳ қабл аз ин маърака, балки аз чанд соли пеш дар арсаи сиёсӣ худро муаррифӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG