Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Теҳрон аз гузориши ахири МАГАТЭ


Теҳрон Юкию Амано, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ)-ро дар таҳияи гузориши таҳрифкунанда дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон айбдор кард. Намояндаи Эрон дар Оҷонс Алӣ Асғар Султонӣ ахиран гуфт, ки ин гузориш дар бораи вазъи феълӣ ва мавзеъгирии мақомоти Эрон иттилоъи нодуруст медиҳанд.
Дар гузориши ахири МАГАТЭ аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки Эрон эҳтимолан барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ талош мекунад. Теҳрон такроран эълом дошт, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG