Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзеъгирии Русия пиромуни фурӯши мушак ба Эрон


Имрӯз Русия мавзеъгирии худро дар баробари фурӯши мушакҳои дифоӣ ба Эрон шадидтар кард. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия зимни суханони худ дар Маскав гуфт, "суолҳое вуҷуд дорад, ки қабл аз иҷрои созишнома бояд ҳал шаванд". Вай ба хабарнигорон гуфт, бо назардошти қонунҳои Русия ва тааҳҳудоти байналмиллалӣ кишвараш ҳеҷ гоҳ тасмиме нахоҳад гирифт, ки сабаби барҳам задани суботи вазъ дар минтақае шавад. Фурӯши мушакҳои S-300-и Русия яке аз масъалаҳои ҳассоси муносибат бо Исроил мебошад. Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ҳафтаи гузашта дар ҷараёни боздидаш аз Маскав хостори таҳримҳои ҷиддӣ бар зидди Эрон шуд.
XS
SM
MD
LG