Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони рӯ ба Ғарби араб


Муаззам Мустафо, як ҷавонзани араб, ки шаш соли пеш аз Сурия ба Фаронса рафтааст, мегӯяд, ҳамватанонаш дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтаре ватанро тарк мекунанд.

Вай дар сӯҳбат бо Ояндасоз мегӯяд, ки аксар ҳамқавмони ӯро хоҳиши беҳтар кардани шароити зиндагӣ ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоиву сиёсӣ ба тарки ватан водор мекунад: “Ба назари ман мо, арабҳоро асосан чаҳор чиз водор мекунад, ки тарки ватан кунему дар давлатҳои хориҷӣ зиндагиро ихтиёр кунем, ин хоҳиши дур шудан аз як фазои сирф мазҳабӣ, дигар боло бурдани сатҳи маърифати шахсӣ ба хотири дарёфти ҷои кори хубу даромади шоиста, ки пайваста афзоиш ёбад ва ниҳоят, набуди демократия дар кишварҳои мо”.

Муаззам афзуд, ки ӯ бо хости волидонаш баъди оиладор шудан тавонистааст тарки Димишқ кунад ва ҳоло дар канораҳои Париж ҳамроҳ бо хешу наздикони шавҳараш зиндагӣ ва кор мекунад. Наздикони худи ӯ, модару хоҳару бародаронаш дар Амрико ба сар мебаранд. Ӯ мегӯяд, ки ҳамаи онҳоро хоҳиши пешбурди зиндагии беҳтару раҳо шудан аз як ҷомеаи баставу ғайридемо кратии Сурия водор кардааст, ки тарки ватан кунанд.

Ҷавонҳои арабе, ки соҳиби кор ҳастанд, назар ба бекорон бештар хостори муҳоҷирати доимӣ ба хориҷа ҳастанд. Дар пурсише, ки соли гузашта дар миёни 16 ҳазор ҷавони 15 то 29-солаи сокини давлатҳои аъзои Лигаи араб анҷом шуд, 31 дар сади ҷавонҳои соҳиби кор ва 17 дар сади ҷавонҳои бекор гуфтанд, ки мехостанд дар сурати пеш омадани пешниҳоде кишвари худро барои ҳамеша тарк кунанд. Маркази назархоҳии Gallup, мақараш дар Вашингтон дар пурсиши худ зери унвони “Садои ҷавонҳои араб” назари онҳоро ба дарёфти ҷои кору фазои соҳбикории кишварҳои хориҷӣ пурсон шудааст. Аксар ҷавонҳое, ки гуфтанд, омодаанд дар як соли оянда бо кори тиҷорату савдо машғул шаванд, мехостанд дар хориҷ аз ватан соҳиби як ширкати хусусии худ бошанд.

Дар миёни ҷавонони таҳсилкардаи араб асосан се кишвар ҳамчун давлатҳои мавриди алоқа барои зиндагиву кор номбар мешаванд: масалан соҳибкорону тоҷирон мехостанд дар ИМА, ҷавонҳои хатмкардаи мактаби олӣ бештар зиндагиву кор дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва аксар онҳое, ки танҳо соҳиби маълумоти миёнаи мактаб ҳастанд, зиндагиро дар Фаронса бартарӣ медодаанд.

Баъзе коршиносон мегӯянд, ки мушкили бекории ҷавонон як сабаби асосии хоҳиши тарки ватан кардани онҳо будааст.
XS
SM
MD
LG