Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ Наврӯзро ҷашни байналмиллалӣ эълон кард


СММ Наврӯзро Рӯзи байналмиллалии Навруз эълон кард. Чунин тасмими СММ бад-он маъност, ки Наврӯз акнун ҷашни байналмиллалӣ шинохта шудааст. Ин нукта дар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дарҷ шудааст. Қатъномаи мазкур 23-ӯми феврал ба тасвиб расид. Пешнависи қатънома дар бораи ҷашни Наврӯзро бо мувофиқати Туркияву Эрон, Афғонистону Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон, Албанияву Ҳиндустон ва Мақдуния намояндаи Озарбойҷон дар СММ ба Маҷмаи Умумӣ пешниҳод кард. Акнун 21-ӯми март Рӯзи байналмиллалии Наврӯз дониста мешавад. Дар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ гуфта мешавад, ки Наврӯз ба гуфтугӯи байни фарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмии мардумони сайёра кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG