Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин ҷаласаи парлумони феълии Тоҷикистон


Имрӯз охирин ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон баргузор шуд. Саъдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи панҷ соли кори парлумон гузориш дод ва гуфт, тайи ин муддат парлумони Тоҷикистон қонунҳое қабул кард, ки барои рушди бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаи кишвар мусоидат карданд. Вай гуфт, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, парлумони бисёрҳизбӣ аст ва дар он намояндагони аҳзоби гуногун фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, панҷ соли кори парлумон дар фазои хеле хуби сиёсӣ доир шудааст ва Тоҷикистон дар роҳи такмили қонунгузорӣ гомҳои ҷиддӣ гузоштааст. Кори Маҷлиси намояндагони нави Тоҷикистон баъд аз интихоботи парулмонӣ шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG