Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрон ба Амрикову Аврупо


Эрон мегӯяд, ки шаҳодати қобили эътимоди онро дорад, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба раҳбари шӯришиҳои суннимазҳаб дар фаъолиятҳои, ба гуфтаи ин кишвар “террористиаш”, мусоидат кардаанд. Вазири иттилооти Эрон мегӯяд, Абдумалик Ригӣ, ки раҳбари гурӯҳи шӯришии Ҷундуллоҳ аст, ахиран дар пайи як амалиёти хадамоти махсус Покистон боздошт шуд. Вазир Ҳайдари Муслиҳӣ гуфт, ки пеш аз боздоштшавиаш Ригӣ 24 соатро дар як пойгоҳи амрикоӣ сипарӣ кардааст. Дар нишасти матбуотии имрӯзааш дар шаҳри Теҳрон Муслиҳӣ гуфт, ки Ригӣ ҳамчунин пеш аз боздоштшавиаш ба чандин кишвари аврупоӣ сафар карда буд. Вай гуфт, ки “амрикоиҳо ба Ригӣ як шиносномаи афғонӣ таҳия карда ҳамчунин барои анҷоми сафарҳо ба Покистон” як санади мусофиратии дигар таҳия кардаанд. Вай гуфт, ки Ригӣ апрели соли 2008 бо яке аз раҳбарони НАТО дар Афғонистон мулоқот кардааст. Муслиҳӣ дар ин нишасти матбуотӣ Амрикову Аврупоро аз мудохила ба умури Эрон ҳушдор дод. Ҷундуллоҳ масъули чандин таркиши бомбгузоришуда дар минтақаи ҷанубушарқи Эрон аст, ки дар солҳои охир анҷом шуда даҳҳо кушта бар ҷой гузоштааст. Тибқи тахминҳои Теҳрон, Ҷундуллоҳ ба гурӯҳи террористии Ал-Қоида иртибот мегирад.
XS
SM
MD
LG