Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кафшандози нахуствазири Туркия боздошт шуд


Полиси Испания мегӯяд, як марди суриягиро боздошт кардааст, ки дар Севиля кӯшиш кард ба ҷониби нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пойафзоли худро партояд. Ин ҳодиса шоми душанбе ҳангоме рӯй дод, ки Эрдуғон баъди дарёфти як ҷоизаи ҳамкориҳои фарҳангӣ аз дохили сохтмони шарҳдорӣ берун меомад. Пойафзоли партофташуда аз болои сари Эрдуғон гузашт. Марде, ки пеш аз партофтани пойафзол ҷумлаи “Зинда бод Курдистон”-ро ба забон овардааст, тибқи хабарҳо дар Испания ба таври ғайриқонунӣ зиндагӣ мекард. Туркия аз соли 1984 инҷониб зидди шӯришиёни курдӣ мубориза мебарад. Дар соли 2008 кӯшиши як журналисти ироқӣ барои бо пойафзол задани раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш баъдан дар саросари ҷаҳон чандин бор такрор шуд.
XS
SM
MD
LG