Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии низомиёни баландпояи Туркия идома дорад


Мақомоти додситонии Туркия машғули бозпурсии ҳудудан 50 фармондеҳи низомӣ ҳастанд, ки барои табдили ҳукумати исломии ин кишвар муттаҳам мешаванд. Дар миёни ин афрод 14 афсари баландпояи амалкунанда ва собиқи низомӣ ҳам бозпурсӣ мешаванд. Додситонӣ мегӯяд, ки тақрибан ҳафт соли пеш ин афсарон нақшае таҳия карданд, ки тибқи он мебоист ба хотири эҷоди беназмиву бебандуборӣ бомба ҷойгузорӣ мешуд. Дар пай мебоист дар кишвар ҳолати фавқулодда эҷод шуда роҳро барои иҷрои нақшаи барканории ҳукумат боз мекард. Барои таҳқиқи ин ҳодиса ҳанӯз ду соли пеш парвандаи ҷиноӣ боз шуда вале то ҳол нафаре аз рӯи он муҷозот нашудааст. Мунаққидон мегӯянд, ки ҳукумат ин қазияро барои фишору саркӯби бештари мухолифон истифода мекунад. Элитаи низомии Туркия худро муҳофизи низоми дунявии ин кишвар арзёбӣ карда аз соли 1960 ба ин сӯ чаҳор ҳукуматро барканор кардааст.
XS
SM
MD
LG