Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 14 мақоми аршади низомӣ дар Туркия


Матбуоти Туркия хабар дод, ки имрӯз 14 мақоми аршади низомиро бо иттиҳоми таҳияи табаддулоти давлатӣ боздошт кардаанд. Давлат мегӯяд,ин қасди табаддулот, ки “Путккӯбон” номаш гузошта буданд, ба соли 2003 бармегардад ва бомбгузории масоҷидро дар нақша дошт.
Боздоштҳои ахир танишҳо миёни ҳизби ҳокими исломии Адолат ва Тараққиёт ва низомиёни Туркияро, ки имсол алакай дар таҳияи чандин қасди табаддулоти зиддидавлатӣ айбдор шуданд, боз ҳам шадидтар мекунад. Аммо фармондеҳи артиш ин иттиҳомотро радд карда, табаддулотро моли гузашта номидааст.
Низомиёни Туркия тайи 50 соли охир 4 давлатро ё барканор ваё маҷбур ба истеъфо кардаанд.
XS
SM
MD
LG