Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси маҷаллаи нави таҳлилӣ дар Тоҷикистон


Як маҷаллаи нави таҳлилӣ таҳти унвони «Элита» ба саҳнаи матбуоти Тоҷикистон ворид шуд. Далер Ғуфронов, сармуҳаррири «Элита», ҳангоми муаррифии маҷалла гуфт, шумораи нахустини он бо 2 ҳазор дона дар яке аз чопхонаҳои Туркия нашр шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин моҳнома ба забони тоҷикӣ нашр хоҳад шуд ва дар саҳфаҳои он масоили доғи сиёсиву иқтисодии кишвар ба риштаи таҳлил кашида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG