Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Афғонистон ҳукумати Ҳолландро пароканда кард


Рӯзи 20-уми феврал ҳукумати эътилофии Ҳолланд бинобар ихтилофи назар дар мавриди ҳузури нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон аз ҳам пошид.

Паймони НАТО, аз Ҳолланд хоста буд, то имкони тамдиди 2000 сарбозашро дар Афғонистонро баррасӣ кунад, ки бояд бар асоси барнома моҳи август ин кишварро тарк намоянд. Аммо мухолифати қисме аз аъзои ҳукумат ба тамдиди ҳузури нерӯҳо, боиси пароканда шудани ҳукумат гардид.

Ҳизби Эътилофи масеҳиёну демократҳои Ян Питер Балкененде, нахуствазири Ҳолланд, тарафдори тамдиди ҳузури бахше аз нерӯҳои кишвараш дар Афғонистон аст. Аммо Ҳизби кори Ҳолланд, дуввумин гурӯҳи бузурги ҳукумати эътилофӣ, мухолифи ин кор буда ва хостааст, то маъмурияти нерӯҳои Ҳолланд бар асоси барнома, моҳи август хотима дода шавад.

Тақрибан 2 ҳазор сарбози Ҳолланд аз соли 2006 то кунун дар вилояти ҷанубии Урузгони Афғонистон мустақаранд. Тайи ин муддат Ҳолланд 22 сарбози худро дарин вилояти ноороми Афғонистон талаф додааст ва афкори умум дар Ҳолланд ҳам ба зидди ҳузури кишвар дар Афғонистон шудааст.

Бар асоси барномаи муқаддамотӣ, нерӯҳои Ҳолланд бояд соли 2008 Афғонистонро тарк мекарданд, аммо чун ҳеҷ кишвари дигари узви НАТО нахост, ҷойи нерӯҳои Ҳолландро бигирад, ин кишвар ҳузури нерӯҳояшро дар Афғонистон тамдид кард. Аввали ҳамин моҳ Андерс Фог Рассмусен, дабири кулли НАТО, аз Ҳолланд хост, то масъалаи омӯзиши нерӯҳои афғонро бар ӯҳда бигирад ва нерӯҳояшро то соли 2011 дар Афғонистон нигаҳ дорад. Акнун Эътилофи масеҳиён ва демократҳои Ҳолланд мегӯяд, маъмурияти оянда дар Афғонистон ба таъсиси ҳукумати нав вобаста хоҳад буд. Қарор аст, интихоботи Ҳолланд охирҳои ҳамин сол баргузор шавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, тасмими эҳтимолии Ҳолланд барои хотима додани маъмурияташ дар Афғонистон метавонад ба кишварҳои дигари узви НАТО ба қавле сироят кунад. Назархоҳиҳо дар бисёре аз кишварҳои узви ин паймони низомии нишон додааст, ки аксарияти мардум муқобили ҳузури сарбозони худ дар Афғонистон ҳастанд. Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари сиёсии афғон аз шаҳри Кобул, мегӯяд, баъди тарки нерӯҳои Ҳолланд, кишварҳои дигари узв ҳам метавонанд ба он пайравӣ кунанд.

Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон, ки тобеъи НАТО мебошад, моҳи декабри соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар ҳайъати ин нерӯҳо, 61 ҳазор сарбоз, аз 42 кишвар, аз ҷумла 26 кишвари узви НАТО ва 10 ҳампаймони дигари он хидмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG