Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук дар Тошканд бо Каримов мулоқот кард


Имрӯз Ричард Ҳолбрук -фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико барои Афғонистон ва Покистон дар Тошканд бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбекистон мулоқот кард. Сафорати Амрико дар Тошканд гуфт, Ричард Ҳолбрук ва Ислом Каримов "масоили мавриди алоқаи ҳар ду ҷониб, аз ҷумла талошҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон"-ро баррасӣ кардаанд. Силсилабоздидҳо Ричард Ҳолбрук аз Осиёи Марказӣ ҳамчунин Қирғизистону Тоҷикистон ва Туркманистону Қазоқистонро дар бар мегирад. Вай дар остонаи ин силсилабоздидҳо дар Афғонистону Покистон низ бо мақомоти ин кишварҳо гуфтугӯ кард.
XS
SM
MD
LG