Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳолбрук ба Осиёи Марказӣ


Фардо, 20-уми феврал, дар Душанбе дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Ричард Ҳолбрук, намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон, баргузор мешавад.

Боздиди Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон ва Покистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле ҷараён дорад, ки дар Афғонистон амалиёти густардаи зидди Толибон идома дорад ва ду раҳбари муҳими Толибон боздошт шудаанд.

Рӯзи 18-уми феврал оқои Ҳолбрук дар Исломобод бо мақомоти расмии ҳукумати Покистон мулоқот дошт. Қабл аз он вай дар Кобул бо Ҳомид Карзай ва фармондеҳони НАТО дар Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Марк Тонер, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба хабарнигорон гуфт, тартиби пайдарҳамии боздиди оқои Ҳолбрук аз кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол ниҳоӣ нашудааст, вале вай аз Қирғизистону Ӯзбекистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Қазоқистон боздид мекунад.

Сипас Ҳолбрук боздидашро аз Гурҷистон идома медиҳад ва пас аз он ба Берлин равон мешавад. Дар посух ба суоле дар бораи он, ки оё оқои Ҳолбрук дар ин силсилабоздидҳо барномаи вижаи Осиёи Марказӣ дорад, маслан, аз қабили баррасии парвозҳои ҳавопаймоҳои низомии НАТО аз болои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Марк Тонер чунин гуфт: "Таассуроти ман ин аст, ки ин танҳо бахше аз машваратҳои мунтазам аст, ки вай дар он ҷо анҷом медиҳад ва дар он ҷо баъзе аз ин масъалаҳоро баррасӣ мекунад. Вале ман намедонам, ки оё дар барномаи боздидаш ба ҷуз аз ҳамкориҳои наздиктар масъалаи хосе ҳаст ё не."

Масъалаҳои энерживу амният ва густариши демократия аз мавзӯъҳои мавриди алоқаи Амрико дар минтақа ба шумор меравад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои захоири қобили мулоҳизаи нафту газ, ангишту уран мебошанд. Наздикии онҳо бо Русияву Афғонистон ва Чину Покистон онҳоро дар масъалаҳои амниятии Амрико ба тарафи ҳамкори муҳим табдил медиҳанд.

Амрико мехоҳад аз равандҳои демократӣ дар минтақа ба унвони зомини субот ҳимоят кунад. Амрико ҳамчунин дар садад аст бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши гурӯҳҳои террористӣ, муттавақиф сохтани қочоқи фаромарзии маводи мухаддир ва контроли фурӯши аслиҳа ҳамкорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG