Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 29 нафар дар таркиши Акахел


Таркиши бомб дар як масҷид дар минтақаи қабиланишини Хайбар, дар шимолуғарби Покистон, дастикам 29 нафар, бо шумули чандин ҷангиро кушта ба ҷо гузошт. Ин ҳамла дар рӯзи боздиди фиристодаи хоси Амрико Ричард Ҳолбрук аз Покистон ва мулоқоти ӯ бо раҳбарони ин кишвар дар Исломобод рух дод. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, бар асари таркиш дар масҷиди Акахел 50 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG