Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди доруворӣ алайҳи зукоми хук ба Тоҷикистон


Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз ворид шудани наздики 50 ҳазор доруи навъи “Тамифлю” алайҳи вируси зукоми хукӣ ба Тоҷикистон хабар дод. Наврӯз Ҷаъфаров, раиси идораи беҳдории Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ин давоҳо бо кумаки Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ҷаноби Ҷафаров афзуд, ки шумори мубталоён ба бемории зукоми хукӣ дар Тоҷикистон 19 нафарро ташкил медиҳад ва то кунун ягон нафаре бар асари ин беморӣ нафавтидааст. Ба гуфтаи ӯ, имкон дорад дар фасли баҳор ин беморӣ тавсеа пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG