Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари нозирони САҲА дар Тоҷикистон таин шуд


Канат Саудабаев-вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон, ки ҳоло раёсати давраии САҲА бар ӯҳда дорад, хонум Пиа Кристмас Моллер-муовини раиси Маҷмаи порламонии САҲА-ро ҳамоҳангсози назорат бар интихоботи порламонии Тоҷикистон таъйин кард. Хонум Моллер ҳамчунин раҳбарии ҳайати нозирони интихоботии Маҷмаи порламониро бар ӯҳда хоҳад дошт. Вай аз ҷониби Дания дар Маҷмаи порламонӣ намояндагӣ мекунад. Интизор меравад, ки хонум Моллер аз номи нозирони САҲА дар бораи натиҷаҳои интихоботи порламонии 28-ӯми феврали Тоҷикитон дар конфронси хабарие рӯзи 1-ӯми март дар шаҳри Душанбе изҳорот диҳад.
XS
SM
MD
LG