Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лисин миллиардери аввали Русия шуд


Маҷаллаи русии “Финанс” феҳрасти ҷадиди афроди сарватмандтарини ин кишварро нашр кард. Имсол дар ин феҳраст мақоми аввалро Владимир Лисин, молики корхонаҳои фулодгудозии Новолипетск соҳиб шуд. Тайи як соли охир дороии Лисини 54-сола аз 7,7 миллиард доллар то ба 18,8 миллиард расидааст. Михаил Прохоров, ки соле пеш сарватмандтарин марди Русия шинохта шуда буд, бо ин вуҷуд, ки дороиаш аз 14 миллиарди соли 2009 акнун ба 18 миллиард наздик шудааст, ин бор дар мақоми дуввум ҷой гирифт.
Маҷалла менависад, ки бо вуҷуди бӯҳрони саросарӣ ҷамъи дороии афроди миллиардер дар Русия тайи як соли охир 84 дарсади дигар афзуда, ба 140 миллиард доллар наздик шудааст.
XS
SM
MD
LG