Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 ғайринизомӣ дар Афғонистон кушта шудаанд


Имрӯз нируҳои НАТО дар эъломияи мунташираи худ гуфтаанд, ки дар натиҷаи партоби 2 мушак тавассути нируҳои НАТО дар ҷануби Афғонистон 12 нафар аз аҳолии маҳаллӣ кушта шудаанд. Генерал Стейнлӣ Мак Кристал-фармондеҳи нируҳои ISAF дар Афғонистон барои ин ҳодиса аз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон узр хостааст. Рӯзи шанбе дар амалиёти зидди шӯришиёни Толиб дар вулусволиҳои Марҷа ва Нод Алии вилояти Ҳилманд 15 000 нафар низомиёни Афғонистон, Амрико ва Британия ширкат доштанд. Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни ин амалиёт 27 нафар шӯришӣ кушта шудаанд. Ин амалиёт, ки зери номи рамзии "Муштарак" анҷом мегирад, баъд аз соли 2001 ба ин сӯ, яъне баъд аз суқути Толибон дар Кобул бузургтарин амалиёти зидди Толибон дар Афғонистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG