Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар соатҳои аввали амалиёти Марҷа 5 толиб кушта шуд


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ба низомиён ҳушдор дод, ки дар ҷараёни амалиёти густарда бар зидди Толибон дар вилояти Ҳилманд аз талафоти аҳолӣ худдорӣ кунанд. Ин амалиёт имрӯз дар ин вилоят оғоз шуд. Ҳомид Карзай дар изҳороти худ дархост кардааст, ки фармондеҳони низомии нируҳои хориҷӣ ва афғонӣ ҳангоми истифода аз нируҳои ҳавоӣ дар манотиқи аҳолинишин, ки ҳаёти онҳо мумкин аст зери хатар қарор бигирад, бо мардуми маҳаллӣ машварат кунанд ва амалиёти худро ҳамоҳанг созанд. Ин изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки дар соатҳои аввали ин амалиёт дар шаҳраки Марҷаи вилиояти Ҳилманд 5 нафар аз Толибон кушта шуданд. Дар ин амалиёт 15 000 нафар нируҳои бритониёии мустақар дар вилояти Ҳилманд ва нируҳои артиши Афғонистон ширкат доранд. Дар бораи шумораи шӯришиён дар маҳали амалиёт маълумот дар даст нест, вале фармондеҳони нируҳои дарёиии Амрико мегӯянд, ки дар ин минтақа аз 400 то 1000 нафар нируҳои шӯришӣ мувҷуданд, аз ҷумла 100 нафар шӯришиёни хориҷӣ низ бо онҳо ҳастанд. Бино ба гузоришҳо, шаҳраки Марҷа 80 000 нафар аҳолӣ дорад.
XS
SM
MD
LG