Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабномаи Ҳизби таҳрир алайҳи Роғун


Ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон бо паҳн кардани шабнома ширкати саҳҳомиро ботил ва ба ин тартиб харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун аз сӯи мусулмононро ҳаром эълон кардааст.

Ҳизби таҳрир, ки фаъолияташ аз соли 2000 ум дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад, аз имомхатибони масоҷид интиқод каодааст, ки гӯиё онҳо мардумро барои харидани саҳмия ташвиқ мекунанд, дар ҳоле ки «ислом харидории саҳмияро ҳаром медонад», омадааст дар ин варақа.

Маҷбур кардани мардум барои харидории саҳмияҳо, навишта шудааст дар шабномаи Ҳизби таҳрир, нишони адами эътимоди мардум ба ҳукумат аст.

Шӯрои уламо: саҳмия ҳалол аст
Дар ҳоле, ки дар ислом даҳҳо намуди садақа ва хайрия гуфта шудааст ва тариқи хайрия ва саҳмия саҳм гузоштан дар сохтмони нерӯгоҳ савоб аст ...

Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои маркази мазкур, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки иддаои ин ҳизб ба шариати ислом мувофиқ нест. Зеро дар ислом даҳҳо намуди садақа ва хайрия вуҷуд дорад ва тавассути харидории саҳмия саҳм гузоштан дар сохтмони Роғун барои рӯшноӣ бахшидан ба мардум кори савоб аст.

Дар воқеъ бино ба маълумоти расмӣ то кунун шахсиятҳои мазҳабии саршинос ва имомхатибони масоҷид дар маҳаллҳо ба нафъи Роғун таблиғ карда ва бархе аз онҳо саҳмияҳои онро низ харидорӣ кардаанд.

Истифодаи Ҳизби таҳрир аз фурсат

Фаррух Умаров, коршиноси масоили мазҳабии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур, мегӯяд, ки Ҳизби таҳрир дар кишварҳое нуфуз меҷӯянд, ки дар он қашшоқию бебизоатӣ дар авҷ аст. Вале мегӯяд, коршинос Умаров, вақте Тоҷикистон соҳиби барқи хеш мешавад, албатта мардум аз вартаи камбизоатӣ раҳо мешаванд. Вақте ҷомеа рушд кард, Ҳизби таҳрир дар ин ҷо корҳои тарғибоашро аз даст медиҳад.

Мусо Асозода, раиси бахши Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, эътиқод дорад, ки мардум мушкилоти бебарқиро ва ниёзи иқтисод ба барқро шадидан эҳсос мекунанд, аз иқдоми ҳукумат бар қиболи Роғун истиқбол мегирад ва даъвати Ҳизби таҳрир асаре нахоҳад дошт.

"Бидуни шарҳ"

Як ходими Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, онҳо феьлан ҳозир нестанд варақаи гурӯҳи манъшудаи Ҳизби таҳрир-ро шарҳ диҳанд.

Фаъолияти «Ҳизбуттаҳрир» дар Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ мамнӯъ аст ва номи он дар рӯйхати 11 созмони террористиву экстремисти мамнуъшудаӣ, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳизби “Тоҷикистони озод” зикр шудааст.

Дар нӯҳ сол мақомоти интизомии кишвар бештар аз 400 узви «Ҳизбуттаҳрир»-ро барои ҷароиме, назири паҳн кардани шабномаҳову адабиёти мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии низоми Қонуни асосии кишвар, боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардаанд.
XS
SM
MD
LG