Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз шуруи чопи баргаҳои райъ барои интихоботи парлумонии кишвар хабар дод. Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссиюн, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи 5 рӯзи оянда 16 миллион баргаи раъй дар чопхонаи "Шарқи озод" интишор хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар интихоботи феълӣ 5 навъи баргаҳои раъй - барои номзадҳои аҳзоби сиёсӣ, номзадҳои ҳавзаҳои инфиродӣ, номзадҳои вилоятҳову шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ва деҳот - омода мешавад. Ҷаноби Болтуев афзуд, коғази баргаҳо аз Санкт-Петербурги Русия харидорӣ шудааст ва баргаҳои раъй барои номзадҳои аҳзоб ва ҳавзаҳои инфиродӣ дорои дараҷи муҳофизатӣ ҳастанд.