Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Чин аз мулоқоти Обама бо Далай Лама


Ҳукумати Чин аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостааст, билофосила аз барномаи мулоқот бо Далай Лама – пешвои рӯҳонии тибетиён даст кашад. Хабаргузории давлатии “Синхуа”- и Чин навиштааст, ки сухангӯи вазорати умури хориҷа аз Амрико давъат кардааст, ки ин мулоқотро баргузор накунад. Кохи Сафед гуфт, ки Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе 18 феврал бо Далай Лама пешвои табъидии тибетиён мулоқот хоҳад кард, бо вуҷуди он ки Чин ҳушдор додааст, ин мулоқот ба равобити ду кишвар садама хоҳад зад. Чин мегӯяд, Далай Лама саъй дорад, то Тибетро аз он кишвар ҷудо кунад, чизе ки Далай Лама рад мекунад. Бар изофаи мулоқот бо Далай Лама, барномаи Амрико барои фурӯши силоҳ ба Тайван ва масоили тиҷоратӣ ба муносиботи Чину Амрико садама задааст.
XS
SM
MD
LG