Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии Рустами Эмомалӣ ба маҷлиси Душанбе


Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон, аз ҷониби ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзад ба вакилии маҷлиси шаҳри Душанбе пешбарӣ шудааст. Ҳизби ҳоким дар маҷмӯъ ба маҷлиси пойтахт 70 номзад пешбарӣ кардааст. Раҳбари бахши тарғиботии ҳизб Усмон Солеҳ гуфт, ки номзадии Рустами Эмомалиро аз ҳавзаи рақами 23 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешбарӣ кардаанд.
Рустами Эмомалӣ дар кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси мудири раёсати рушди тиҷорати хурду миёна кор мекунад ва ҳамзамон муовини раиси созмони ҷавонони Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG