Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонс гуфт, амалиёти Ҳилманд ба сулҳ халал намеорад


Мушовири аршади раисиҷумҳури Амрико Ҷеймс Ҷонс дар гуфтугӯ бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, амалиёти қарибулвуқӯъ алайҳи ҷангиёни толиб дар вилояти Ҳилманд муноқиз бо ҷараёни мусолиҳа дар Афғонистон нест.
Ҳазорон маллоҳи амрикоӣ ҳамроҳ бо сарбозони НАТО ва Афғонистон ба як амалиёти густарда дар Ҳилманд омодагӣ мегиранд. Як ҳадафи аслии ин амалиёти муштарак шаҳри Марҷа, яке аз охирин пойгоҳҳои бузурги Толибон дар ин минтақа аст.
XS
SM
MD
LG