Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи рангӣ ба сафорати Эрон дар Порис


Шаби гузашта афроди ношинос бо граффитӣ дар деворҳои сафорати Эрон дар Порис шиорҳое, чун “Раъйи ман куҷо шуд?” ва “Нест бод диктатор!” навиштаанд. Пулиси Фаронса гуфт, алакай субҳи чоршанбе ин навиштаҳоро пок карданд, вале изи ранги сабзи он даъватҳо дар деворҳои сафорат ҳанӯз побарҷост.
Навори видеоии ин ҳамла алакай дар сомонаи интернетии Ютюб пайдо шудааст.
Эрон дар пайи эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи моҳи июни раёсати он ҷумҳурӣ ба мавҷи бесобиқаи эътирозҳо рӯбарӯ шуд. Дирӯз эътирозгарон дар Теҳрон алайҳи сафоратхонаҳои Фаронсаву Итолиё сангу тухм андохта буданд.
XS
SM
MD
LG