Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони Киён Тоҷбахшро пойин овардаанд


Вакили мудофеъ Ҳушанг Ожорӣ ба хабаргузории Форснюс гуфтааст, ки додгоҳи таҷдиди назар дар Эрон ҳукми зиндони донишманди эрониву амрикоӣ Киёни Тоҷбахшро ба 5 сол фуровард. Тоҷбахш дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон боздошт шуда буд. Мақомот ӯро ба ҷосусӣ айбдор мекарданд ва бино ба гузориши матбуоти расмӣ, Тоҷбахш ба беш аз 12 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи таҷдиди назар акнун аз ҳукми ӯ 7 солро кам кардааст.
XS
SM
MD
LG