Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастёбии Эрон ба ғанисозии уран то 20 дарсад


Эрон мегӯяд, ғанисозии уранро дар сатҳи болотаре оғоз кардааст ва бад-ин тариқ созиши СММ-ро роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш, ки ҳадаф аз он рафъи мушкилоти марбут ба барномаҳои зидду нақизи Эрон буд, рад кардааст.

Телевизиони давлатии Эрон аз қавли Акбар Солеҳӣ, раиси Оҷонси энержии ҳастаии Эрон, гуфтааст, ғанисозии уран то сатҳи 20 дарсад дар яке аз таъсисоти ҳастаии Эрон дар наздикии шаҳри Натанз шурӯъ шудааст. Солеҳӣ гуфтааст, ин таъсисот аз корхонаи Натанз, ки ҳоло дар он 5.000 дона сентрифуг насб шудааст ва 3,5 дарсад сӯхти ҳастаиро ғанӣ мекунад, ҷудост. Вай афзудааст, таъсисоти кунунӣ дорои 164 сентрифуг ва таҷҳизотест, ки бо суръати баланд давр мехӯрад ва дар як моҳ метавонад то 5 килограм урани ғанишуда тавлид кунад.

Эрон бо чунин кори худ нигарониҳои кишварҳои ғарбиро ба бор овардааст. Онҳо нигаронанд, ки Эрон саранҷом ба тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ даст меёбад. Вале Эрон ҳамеша таъкид мекунад, ки барномаҳои ҳастаиаш сулҳомез аст ва ҳадафи он тавлиди сӯхти ҳастаист, зеро эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ 90 дарсад урани ғанишударо мехоҳад.

Коршиносони ҳастаӣ бар ин ақидаанд, ки таҷҳизоти ғанисозии уран барои эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ низ асосан мисли ҳамин таҷҳизот аст, ки ҳоло Эрон ба ғанисозии уран дар сатҳи 20 дарсад шурӯъ кардааст.

Бар асоси як созишномаи СММ, Эрон бояд урани хоми худро барои ғанисозӣ ба Русия ва Фаронса бифиристад, то бо кӯмаки ин кишварҳо урани хом ба сӯхти ҳастаӣ табдил ёбад ва дар реакторҳои Эрон истифода шавад. Дар чунин ҳолат Эрон аз имкони ғанӣ сохтани уран барои тавлиди аслиҳа дасткӯтоҳ мешуд.

Оқои Солеҳӣ мегӯяд, агар Ғарб реакторҳои Эронро бо сӯхти ҳастаӣ таъмин кунад, дар он сурат Эрон ғанисозии уран то сатҳи 20 дарсадро хотима хоҳад дод. Алӣ Асғар Султония, намояндаи Эрон дар Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ, мегӯяд, кишвараш маҷбур буд, то ба ғанисозии уран дар сатҳи болотар оғоз кунад, зеро кишварҳои ғарбӣ аз таъмини сӯхти ҳастаӣ худдорӣ карданд.

Ҳоло Амрикову Фаронса мегӯянд, ба ҷуз аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нави Шӯрои амнияти СММ бар зидди Эрон чораи дигар боқӣ намондааст. Ҳерв Морин, вазири дифоъи Фаронса, гуфт, Порис мутмаин аст, ки Эрон уранро барои ҳадафҳои низомӣ ғанӣ месозад, на барои ҳадафҳои сулҳомез. Ҷеофф Морел, сухангӯи Вазорати дифоъи Амрико, гуфт, таҳримҳои нави СММ бар зидди Эрон кори чанд ҳафтаи оянда аст, на чанд моҳ.

Вале қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар бораи таҳримҳо наметавонад ба тасвиб расад, агар яке аз кишварҳои дорои ҳаққи вето, яъне Чину Русия, Амрикову Британия ва Фаронса аз ин таҳрим ҷонибдорӣ накунад. Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил, аз Русияву Чин дархост кардааст, ки ба Амрикову Фаронса ва Британия бипайванданд ва аз таҳримҳои нав ҷонибдорӣ кунанд. Аммо Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, мегӯяд, Фаронсаву Амрико дар мавриди таҳрими СММ кори нодуруст мекунанд. Ба гуфтаи вай, баъд аз ҷорӣ кардани таҳрим ҳам Эрон як қадам ақибнишинӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG