Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии мудири IAEA аз баёнияи Эрон


Юкия Амано – мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, рӯзи душанбе гуфт, аз эъломи Эрон дар мавриди ғанисозии ураниум то мизони болотар нигарон шудааст. Оҷонси мазкур аз моҳи октябри соли гузашта саъй дошт, то Эрон бар асоси созиши чандҷониба, ураниуми ғализии ками худро барои табдил ба сӯхти атомии 20 дар садӣ ба Русия ва Фаронса бифристад. Аммо ҳукумати Эрон Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро дар ҷараён гузоштааст, ки худи кишвар ба тавлиди сӯхти 20 дар садӣ шурӯъ мекунад, чунки ба гуфтаи мақомоти Эрон онҳо дигар мунтазири посухи кишварҳои ғарбӣ ба пешниҳодашон дар мавриди созиши атомӣ намемонанд. Дар вокуниш ба эъломи Эрон, Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса ва Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико баъди мулоқот гуфтанд, таҳримоти нави "қавие" бояд ба зидди Эрон эъмол шавад.
XS
SM
MD
LG