Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Виктор Янукович дар интихоботи Украина


Тибқи назарсанҷиҳои ғайрирасмии интихоботи президентии Украина, раҳбари мухолифин Виктор Янукович аз рақибаш Юлия Тимошенко орои бештари мардумро ба даст овардааст.

Ширкати “Нэшнл Экзит Пол” гуфтааст, ки раҳбари мухолифин Виктор Янукович аз Юлия Тимошенко тақрибан 3 дарсад пешсаф аст. Виктор Янукович бо 48,7 дарсад дар мақоми аввал буда, Юлия Тимошенко ҳамагӣ 45,5 дарсад ороро ба даст овардааст.”

Назарсанҷиҳои шабакаҳои телевизионӣ ба Януковичи рӯ ба Маскав пешсафии каме бештар медиҳанд. Пирӯзӣ барои Янукович як бозгашти муҳим маҳсуб хоҳад шуд. Панҷ сол пеш дар интихоботи ҷанҷолбарангезе ӯро пирӯз эълон карданд, аммо мардум ба нишони эътироз аз тақаллубкорӣ дар интихобот ба кӯчаҳо рехтанд ва Виктор Юшенко, рақиби ғарбгарои Янукович, раисиҷумҳур шуд.

Як соат баъд аз хатми раъйдиҳӣ Юлия Тимошенко ба назди хабарнигорон ҳозир шуда гуфт, бар асоси натиҷаҳои назархоҳиҳо, номзадҳо дар фосилаи кӯтоҳе бо ҳам қарор доранд ва барои эълони пирӯзӣ ҳоло барвақт аст.

Тимошенко назарсанҷиҳоро “илми ҷомеашиносӣ” хонда гуфт, ки бартарии рақибаш чунон ночиз аст, ки имкон дорад, ин иштибоҳ фаннӣ бошад.

Вай гуфт, “агар ягон кас пирӯзии яке аз номзадҳоро қабл аз нашри натиҷаҳои ниҳоӣ эълон мекунад, ин фақат кӯшиши найрангбозӣ бо афкори мардум хоҳад буд ва халос. То даме, ки охирин протоколи раъйдиҳӣ мавриди шумориш қарор нагирад, дар бораи натиҷаҳо сӯҳбат кардан ғайриимкон аст.”

Вале Юлия Тимошенко, нахуствазири Украина, бовари комил дорад, ки ӯ пирӯз хоҳад шуд ва натоиҷи муқаддамотӣ иштибоҳи фаннист
Чунин ба назар мерасид, ки Тимошенко ба нерӯи худ боварии комил дорад. Вай изҳори итминон кард, ки теъдоди онҳое, ки мехоҳанд Украина кишвари аврупоии қавӣ бошад ва ба ин овоз додаанд, аз онҳое, ки дидгоҳи мухталиф доранд, бештар буд.

Қабл аз ин Александр Тирчинов, раиси ситоди интихоботии Тимошенко, гуфт, ки ин яке аз бадтарин интихоботҳое буд, ки вай дидааст. Вай чанд навъи тақаллуби интихоботиро ёдовар шуда, аз ҷумла нишондодҳои ширкати бесобиқаи интихобкунандагон дар минтақаҳои Донеск ва Луганскро ғайри имкон номид.

Ин дар ҳолест, ки Виктор Янукович ба пирӯзии худ боварии комил дорад ва дар нишасти матбуотӣ баъд аз эълони натиҷаҳои назарсанҷиҳо аллакай тарафдоронашро бо пирӯзӣ табрик кардааст.

Дар рафти маъракаи интихоботии пуршиддат ҳарду номзад якдигарро муттаҳам мекарданд. Бисёриҳо бовар доранд, ки ҷониби мағлубшуда натиҷаҳои интихоботро эътироф нахоҳад кард ва бӯҳрони сиёсӣ идома хоҳад ёфт.

Тимошенко таҳдид карда буд, ки агар пай барад, ки раъйдиҳӣ ғайриодилона сурат гириф, вай мардумро ба майдон даъват хоҳад кард ва ин дафъа эътирозҳо аз раҳпаймоиҳои инқилоби норанҷии соли 2004 густардатар хоҳанд буд.

Натиҷаҳои интихобот барои равобити Украина бо Русия ва ҳамчунин бо кишварҳои Ғарб бисёр муҳим хоҳад буд. Ҳарду номзад мегӯянд, ки тарафдори шомил шудани Украина ба Аврупо ва беҳбуди равобиташ бо Маскав мебошанд. Аммо қаҳрамони Инқилоби норанҷӣ Юлия Тимошенко гуфт, ки мехоҳад дар панҷ сол Украинаро ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо биёрад.

Аммо дар айни ҳол бисёриҳо дар Украина аз ваъдахилофиҳои сарварони Инқилоби норанҷӣ сахт дилсард шудаанд. Онҳо ваъда дода буданд, ки фасоди фарогирро аз байн бурда вазъи иқтисодиро беҳбуд медиҳанд.

Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Украина имрӯз эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG