Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Янукович пешсафи интихоботи Украина


Бар асоси натиҷаҳои назархоҳиҳо аз интихоботи раёсати ҷумҳури Украина, Виктор Янукович раҳбари мухолифин назар ба рақибаш ва нахуствазир Юлия Тимошенко, раъйи бештар ба даст овардааст. Яке аз назархоҳиҳо нишон додааст, ки Виктор Янукович, тақрибан 49 дар сад ва Юлия Тимошенко чиҳилу панҷумин дар сад раъйи мардумро соҳиб шудааст. Бар асоси натиҷаҳои назархоҳии дигар, Виктор Янукович, тақрибан 50 дар сад ва Юлия Тимошенко бештар аз чиҳилу панҷ дар сади орои мардумро аз худ кардааст. Виктор Янукович рӯзи гузашта бо ибрози хушнудӣ аз ин натиҷаҳо дар ҳузури тарафдоронаш гуфт: "Мо тағйиротеро пешниҳод кардем, ки кишвар ба онҳо бисёр ниёз дошт ва мардуми украина моро дастгирӣ кард." Дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳури Украина ҳеҷ яке аз номзадҳо раъйи кофӣ ба даст наовард ва дирӯз даври дуввуми интихобот баргузор шуд. Юлия Тимошенко, яке аз пешвоёни собиқи инқилоби норанҷии Украина дар соли 2004, таҳдид кардааст, ки агар рақибаш дар интихобот тақаллуб кунад, тарафдоронашро ба тазоҳуроти густурда даъват хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG