Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Ғарб аз эълони ахири Аҳмадинажод


Дастури имрӯзаи раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҷиҳати шурӯъи ғанисозии 20-дарсадии ураниум мояи интиқодҳо дар Ғарб шудааст.
Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ин эълони Аҳмадинажодро “хеле таассуфангез” номид ва хостори эъмоли таҳримоти бештар алайҳи Теҳрон шуд.
Вазири дифоъи Олмон Карл-Теодор зю Гуттенберг тангтар кардани “ҳалқаи таҳримот” алайҳи Эронро пешниҳод кард, чунки, ба гуфтаи ӯ, косаи сабри ҷомиаи байналмилалӣ лабрез шудааст.
Бритониё низ бо нашри як изҳорот эълони ахирро “мояи нигарониҳои ҷиддӣ” унвон кард.
XS
SM
MD
LG