Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина дар талоши интихоби Тимошенко ё Янукович


Кумиссюни марказии интихоботии Украина эълон кард, ки дар раъйдиҳии даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар зиёда аз 50 дарсади соҳибони ҳаққи раъй ширкат карданд.

Онҳо аз ду номзад -- сарвазири кунунӣ Юлия Тимошенко ва раҳбари Маскагарои мухолифон Виктор Янукович якеро барои 4 соли оянда раҳбари ояндаи ин кишвари ҷамъияташ тақрибан 45 миллион нафар интихоб карданд.

Натиҷаҳо ҳанӯз расман эълон нашудаанд, аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Киев Грегорӣ Фейфер мегӯяд, шонси ҳарду номзад тақрибан баробар аст, вале бисёриҳо пирӯзии Янукович, барандаи даври аввали интихоботро пешбинӣ мекунанд. Виктор Янукович дар даври аввали интихобот, ки рӯзи 17 январ доир шуд, назар ба Юлия Тимошенко наздики 10 дарсад раъйи бештар ба даст оварда буд.

Раисҷумҳури феълии Украина Виктор Юшенко дар даври аввали раъйгирӣ миқдори хеле ночизи ороро касб кард ва аз ин сабқат хориҷ шуд. Юшенко дар пайи раъй доданаш дар як ҳавзаи интихоботӣ дар пойтахт, шаҳри Киев, гуфт, ҳадафи аслии Украина нишон додани қобилияташ ба таҳвили осоиштаи қудрат аст, вале ба эътиқоди ӯ, пирӯзии ҳар кадом аз ду муддаии боқимонда дар ниҳоят мояи таассуфи мардум хоҳад шуд: “Ба назари ман, мардуми Украина аз интихоби кардаи худ шарм хоҳанд кард, вале демократия ҳамин аст.”

Дар ин видео метавон дид, ки ду номзад -- Юлия Тимошенко ва Виктор Янукович низ раъй доданд:

Voting In Ukraine's Presidential Election
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00


Аз ҳоло ҳар ду довталаб – Юлия Тимошенко ва Виктор Янукович – якдигарро дар талоши тақаллуби оро айбдор мекунанд. Хонум Тимошенко таҳдид кардааст, ки ӯ дар сурати ғайриодилона гузаштани раъйгирӣ аз тарафдоронаш даъват хоҳад кард, то ба нишони эътироз ба майдон бирезанд. Сарвазир ҳушдор дод, ки ин эътирозҳо аз лиҳози домана ва вусъат метавонанд ҳатто аз тазоҳуроти инқилоби норанҷии соли 2004, ки Виктор Юшенкоро ба сари қудрат овард, бузургтар шаванд.

Тарафдорони Виктор Янукович низ аллакай дар ҳошияи қароргоҳи Кумиссиюни марказии интихобот дар Киев хайма зада, ба эътирозҳои имконпазири пасоинтихоботӣ омодагӣ мегиранд. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, матбуоти маҳаллӣ аллакай дар бораи нақзи қонуни интихобот дар бисёре аз вилоёти Украина гузориш медиҳанд.

Натиҷаи раъйгирии рӯзи 7-уми феврал барои таъйини ояндаи равобити Украина бо Русия ва ҳамин тавр бо Ғарб фавқулодда муҳим аст. Ҳар ду номзад бештар аз ҳамоиши Украина бо ИА сӯҳбат мекунанд, то аз равобити наздиктар бо Маскав. Аммо бисёри украиниҳо бар ин боваранд, ки Тимошенко ҷиҳати пайвастан бо ИА азми зиёдтар намоиш медиҳад.

Ин хонуми 49-сола, ки дар гузашта раҳбарии як ширкати тавонои газро низ бар ӯҳда дошт ва ӯро ҳатто “маликаи газ”-и Украина ҳам ном мебурданд, рӯзи 7-уми феврал вақте дар зодгоҳаш – шаҳри Днепропетровск райъ медод, бори дигар орзуи дар оянда дар ҳайъати Аврупо дидани кишварашро изҳор дошт: “Ман ҳамин ҳоло барои Украинаи ҷадид раъй додам. Барои як Украинаи хушбахт, солим, зебо ва аврупоӣ.” Аммо Виктор Янукович дар Киев гуфт, мардуми ин кишвар шоиста як зиндагии беҳтар ҳастанд ва ӯ “барои тағйироти мусбат, барои субот ва барои Украинаи нерӯманд” раъй додааст.

Агар дар даври дуввуми интихобот Янукович пирӯз шавад, ин ба маънои бозгашти барҷастаи ӯ баъди 6 соли шикасташ дар натиҷаи инқилоби норанҷӣ хоҳад буд. Янукович, ки пуштибонии Маскавро ҳам дар даст дошт, дар соли 2004 ибтидо барандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон шуд, вале Додгоҳи олӣ дар пайи эътирозоти густарда пирӯзии ӯро бекор кард.

Януковичи 59-сола тайи ин муддат талош кард, имиҷи сиёсиашро ҷиддан тағйир диҳад ва дар чашми мардум як сиёсатмадори сирф Маскавгаро нанамояд. Ин аст, ки ӯ феълан ҳам дар бораи сӯди ҳамкорӣ бо Ғарб ва ҳам аз фоидаҳои равобит бо Маскав баробар сӯҳбат мекунад. Вилоёти умдатан русзабони шарқи Украина ва ҳам онҳое, ки аз ваъдаҳои иҷроношудаи инқилоби норанҷӣ дилсард шудаанд, сароҳатан аз Янукович пуштибонӣ мекунанд.

Омили дигари дилсардӣ бӯҳрони шадидест, ки аз гиребони Украина муҳкам гирифтааст. Ва ҳар нафаре, ки имрӯз дар Украина пирӯз мешавад, бояд билофосила бо Сандуқи байналамилалии пул бар сари 16 миллиарду 400 миллион доллар кӯмаки соли гузашта мунҷамидашудаи ин ниҳоди молӣ вориди музокирот шавад.

Татяна Павлова, як сокини Киев, ки барои Янукович раъй додааст, мегӯяд:
“Пеш аз ҳама, барои ин ки ӯ бо Русия хоҳад буд. Решаҳои мо ҳама русианд ва моро лозим аст, ки байни мо дӯстӣ бошад. Онҳо дар он ҷо зиндагии хубтар доранд, нафақаи хеле беҳтар мегиранд. “
Аммо Ирина Москалюк, як райъдиҳандаи дигар мегӯяд, ки ба Тимошенко раъй додааст ва танҳо ба ин далел, ки ӯро назар ба Янукович босалоҳияттар медонад:
“Ин номзадҳое, ки ҳозир ҳастанд, чизеро наметавонанд тағйир диҳанд. Онҳо солҳои зиёде дар сари қудрат буданд ва акнун, ҳатто агар ба курсии президентӣ бинишинанд ҳам, чизеро иваз карда наметавонанд.”

Натоиҷи муқаддамотии даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Украина рӯзи душанбе эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG