Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоияти Руминия ба истиқрори сипари ИМА


Трайан Басеску, раисҷумҳури Руминия, мегӯяд, кишвараш ризоият додааст, то Амрико бахше аз унсурҳои сипари зиддимушакиашро дар ин кишвар ҷойгир кунад.

Бар асоси ин тарҳ, Амрико мехоҳад дар Руминия қисме аз мушакҳои миёнапарвози боздорандаи худро дар Руминия мустақар кунад.

Трайан Басесеку дар ин бора баъди он сухан гуфт, ки Шӯрои амнияти миллии Руминия тарҳи созиш бо Амрикоро тасвиб кард. Акнун ин созишро бояд порлумони Руминия тасвиб кунад, ки дар гузашта ҳам аз барномаҳои ҳампаймонии ҳукумат бо Ғарб ҳимоят кардааст.

Трайн Басеску гуфт, бар асоси тақвими мувофиқашуда бо Амрико, истиқрори мушакҳои боздорандаи баллистикӣ бояд аз соли 2015 шурӯъ шавад. Амрико мегӯяд, ҳадаф аз сипари дифоӣ ҳимояти шарикони аврупоиаш аз ҳамлаҳои эҳтимолии мушакии Эрон аст, ки тавоноии мушакҳои баллистикаашро тақвият бахшидааст. Аз ҷумла, Эрон ду руӯзи пеш як мушаки кайҳониро бо чанд ҷондор, аз ҷумла муш ва сангпушт партоб кард ва дигар аз фанновариҳои пешрафтаи мушакӣ ва се мушаки кайҳонии сохти худиро ба намоиш гузошт.

Идеяи истиқрори сипари дифоъӣ дар Аврупоро, Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури пешини Амрико, матраҳ карда ва мехост, дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон радар ва мушакҳои боздоранда ҷойгир кунад. Аммо Русия сарсахтона ба истиқрори ин система дар наздики марзҳояшт мухолифат карда, мегуфт, он на барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии Эрон, балки ба зидди Русия нигаронида шудааст.

Барак Обама моҳи сентябр аз ин барнома даст кашида ва системи дифоъии баҳриеро пешниҳод кард, ки қодир аст, мушакҳои миёна ва кӯтоҳпарвози эҳтимолии Эронро нобуд кунад. Ин тасмими Барак Обамаро як ҳаракате барои беҳбуди равобит бо Русия медонанд, вале Кохи Сафед ин иддаъоро рад мекунад.

Агарчӣ ҳукумати Русия ҳанӯз дар иртибот ба масъалаи истиқрори мушакҳои Амрико дар Руминия расман ибрози назар накардааст, аммо Виктор Заварзин, раиси кумитаи дифоъи Думаи Давлатии Русия, гуфтааст, истиқрори чунин мушакҳо, “як андоза мояи нигаронист”. Трайан Басеску, раисҷумҳури Руминия, изҳор кард, ки ин система на алайҳи Русия, балки алайҳи дигар таҳдидҳо нигаронида шудааст. Дар Вашингтон Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, гуфт, ҳадаф аз истиқрори сипари дифоъии Амрико ҳамеша рафъи ҳамлаҳои эҳтимолӣ аз Эрон будааст.

Масъалаи истиқрори мушакҳои Амрико дар Руминияро моҳи октябри соли гузашта Ҷо Байден, муовини раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ҳангоми сафараш ба Бухарест матраҳ карда буд. Лаҳистон, ки баъди даст кашидани Амрико аз барномаи истиқрори сипари дифоъиаш дар он маъюс шуда буд, ҳоло гуфтааст, ки хоҳони ширкат дар барномаи нави Амрикост. Филип Кровлӣ гуфт, Лаҳистон низ дар миёни кишварҳоест, ки масъалаи истиқрори унсурҳои сипари дифоъӣ дар он баррасӣ мешавад. Ин сипар, ба гуфтаи Филлип Кровлӣ, бояд тамоми Аврупоро аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ муҳофизат кунад ва мушакҳо дар Руминия танҳо қодир ба муҳофизати ҷануби Аврупост.
XS
SM
MD
LG