Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши амниятии Мюних оғоз меёбад


Мақомоти олирутбаи низомӣ, дипломатҳо ва сиёсатмадорон аз саросари ҷаҳон имрӯз барои ифтитоҳи 46 умин ҳамоиши байналмилалии амниятӣ дар Мюнихи Олмон ҷамъ меоянд. Масъалаи халъи силоҳи атомӣ, барномаи баҳсбарангези атомии Эрон, ҷанг дар Афғонистон, нақши ояндаи Чин дар умури ҷаҳонӣ аз масоили аслии баҳс дар ҳамоиши имсола аст. Ҷумҳурии Мардумии Чин бори аввал аст, ки дар муҳимтарин ҳамоиши амниятӣ расман ширкат меварзад. Қарор аст, Янг Йечӣ - вазири умури хориҷаи Чин дар яке аз муҳимтарин нутқҳо дар ҳамоишро, ки то рӯзи якшанбе идома мекунад, эрод намояд. Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон ҳам дар ин нишаст суханронӣ хоҳад кард. Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон яке аз 300 нафар ҳозирони нишаст хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG