Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саратон солона 7,6 миллион нафарро мекушад


Имрӯз 4 январ, Рӯзи байналмилалии мубориза бо саратон аст, ки ҳадаф аз ин боло бурдани огаҳӣ дар мавриди шеваҳои ҷилавгирӣ ва табобати ин бемории кушанда аст. Иттиҳодияи Байналмилалии Мубориза Алайҳи Саратон, як ёвари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, мегӯяд, дар сурати риояти меъёрҳои беҳдоштӣ, метавон аз тақрибан нисфи бемориҳои саратон ҷилавгирӣ кард. Дейвид Ҳилл - раҳбари ин созмон: "Ба тахмини мо тақрибан 40 дар сади тамоми бемориҳои саратон дар саросари ҷаҳон қобили пешгирист." Ба гуфтаи Дейвид Ҳилл, ҳар сол дар ҷаҳон вуҷуди саратон дар 12 миллион нафар ташхис мешавад ва бештар аз ҳафтуним миллион нафар аз ин беморӣ мефавтанд. Парҳез аз сигор, ғизои сиҳӣ, варзиши муназзам, парҳез аз машруби зиёд, гирифтани ваксина ва роҳ надодан ба бемориҳои ба мисли зардпарвинро аз омилҳои пешгирӣ аз саратон медонанд.
XS
SM
MD
LG