Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби Ҳитлер дар соли 2015 бори дигар нашр мешавад


Қарор аст, ки китоби Адолф Ҳитлер бо номи "Мейн Кампф" бори аввал баъд аз соли 1945 дар Олмон ба чоп расад. Дирӯз Пажуҳишгоҳи торихи муосир, марказаш дар Мунихи Олмон эълон кард, ки ин китоб метавонад соли 2015 бори дигар чоп шавад. То он замон аз марги Ҳитлер 70 сол мегузарад ва мӯҳлати ҳуқуқи муаллиф ба поён мерасад. Ин китоб дар ду ҷилд дар солҳои 1925 ва 1926 ба табъ расида буд.
XS
SM
MD
LG