Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 5 скинҳед бо ҷурми қатли як тоҷик


Додгоҳи шаҳри Новосибирски Русия 5 узви як гурӯҳи сартарошидаҳои русро дар қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар заминаи адовати қавмӣ муҷрим шинохт. Сухангӯи додгоҳи вилояти Новосибирск Ирина Кошелёва гуфт, раҳбари ин гурӯҳ Алексей Носков бо ҳамин ҷурм ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.
Аъзои ин гурӯҳ дар моҳи октябри соли 2008 ба шаҳрванди тоҷик Абдулатиф Турсунов ҳамла мекунанд ва баъди латукӯб ба бадани ӯ 29 корд мезананд. Турсунов баъди чанде дар бемористон бар асари ин захмҳои муҳлик даргузашт.
Боқии ҳамлагарон, ки дар замони он ҳамла зери синни 18 будаанд, ба муддати аз 7 то 12 моҳ ҳукми зиндон гирифтанд.
XS
SM
MD
LG