Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба додситонӣ даъват шудани хабарнигори Озодӣ


Додситонии кулли Тоҷикистон хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб, Мӯъмин Аҳмадиро ба сӯҳбат даъват карда, ҳушдор додааст, ки дар сурати ҳозир нашуданаш иҷборан ба додситонӣ оварда хоҳад шуд. Кормандони умури дохилии шаҳри Кӯлоб ба Мӯъмин Аҳмадӣ гуфтаанд, ки бо ӯ муфаттиши Додситонии кулл Ибодов мехоҳад мулоқот кунад.
Дар бораи сабабҳои даъвати ҳамкори мо ба Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъи расмие дода нашудааст, вале ахиран, гузориши ӯ дар бораи ҳалокати як сарбоз дар қисми ҳарбӣ сабаби озурдагии мақомоти он қисми низомӣ ва Додситонии низомии Тоҷикистон шуда буд.
Мӯъмин Аҳмадӣ моҳи январи соли гузашта барои яке аз мақолаҳои худ аз ҷониби афроди ҷношинос латукӯб шуда буд.
XS
SM
MD
LG