Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди 18000 нируи Амрико дар баҳор ба Афғонистон


Дарёсолор Майк Муллен-раиси ситоди муштараки нируҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, интизор меравад, ки аз 30 000 нируе, ки президент Барак Обама иҷоза додааст, 18 000 нафарашон то охири баҳори соли ҷорӣ вориди Афғонистон шаванд. Оқои Муллен ин суханонро дар ҷаласаи яке аз кумитаҳои Конгресс изҳор дошт. Вай гуфт, Толибон аз пойгоҳҳои худ фаротар рафтаанд ва ҳоло дар бисёре аз вилоятҳои ин кишвар нуфуз пайдо кардаанд:

"Мо то ҳол 4 500 нафар низомиёни худро ба Афғонистон интиқол додаем ва интизор меравад, ки 18 000 нафари дигаре, ки моҳи декабр раиси ҷумҳур қавл дод, то поёни баҳор интиқол дода шаванд. Боқимондаи 30 000 ниру тибқи имкон ҳар ҳар чӣ зудтар дар давоми тобистон ё аввали тирамоҳ вориди Афғонистон мешаванд ва дар ақибнишии билофосилаи Толибон дар соли 2010 саҳм мегиранд".

Аслан мақомоти Кохи Сафед мегӯянд, ки ин 30 000 ниру то поёни моҳи июн ба Афғонистон мераванд.
XS
SM
MD
LG