Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи фурӯши силоҳи Русия ва Либия


Нахуствазири Русия Владимир Путин эълон кард, ки ҳамроҳ бо Либия як созишномаи фурӯши аслиҳаро бо маблағи 1,3 миллиард доллар ба имзо расондааст. Ин хабар як рӯз баъди он пахш шуд, ки Путин ва вазири дифои Либия Абӯбакр Юнусҷабр дар Маскав гуфтугӯе анҷом доданд. Либия дар нимаи дуюми қарни 20 харидори муҳимтарини силоҳҳои сохти шӯравӣ будааст ва ҳоло ҳам барои Русия ин кишвар чун яке аз бозорҳои муҳими фурӯши силоҳ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG