Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши танқидҳои Чин аз Амрико


Мавҷи интиқодҳои Чин аз нақшаи нави ИМА оид ба фурӯши аслиҳа ба Тайван афзоиш меёбад. Хабаргузории расмии Синҳуа дар нақли қавл аз вазири хориҷаи Чин гуфт, ки ИМА бо ин тасмимаш амнияти миллии ин кишвар ва талошҳои азим барои муттаҳидшавӣ бо Тайванро халалдор месозад. Янг Сзичи гуфтааст, ки Чину Амрико дар заминаи тиҷорати силоҳ гуфтугӯҳои зиёд анҷом додаанд, вале Вашингтон ҳамеша тақозоҳои Пекинро оид ба хатми фурӯши аслиҳа нодида гирифтааст. Рӯзи шанбе вазорати хориҷаи Амрико бо талош барои фурӯ нишондани баҳс аз мутаваққифшавии ҳамкориҳои низомии миёни Чину Амрико изҳори таассуф кард.
XS
SM
MD
LG