Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҷомеаи Бритониё ба "мурофиа"-и Тонӣ Блэр


Бозпурсии Тонӣ Блэр тавассути шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш шуд
Бозпурсии Тонӣ Блэр тавассути шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш шуд

Ҷомеа ва матбуоти Бритониё ҳузури Тони Блэр, нахуствазири пешини ин кишварро дар баробари комиссиюни таҳқиқи ҷанги Ироқ бесаброна интизор буданд.

Блэр рӯзи ҷумъа дар баробари ин комиссиюн ҳозир шуд ва, тавре таҳлилгарон мегӯянд, ин як мурофиаи бисёр доғу дардисаркунандае барои ӯ будааст.

Ҳарчанд раиси ин гурӯҳи таҳқиқотӣ Ҷон Чилкот гуфт, ки набояд ин нишаст ба унвони як мурофиаи додгоҳӣ арзёбӣ шавад, вале тавре хабарнигори нашрияи маъруфи Guardian баъдан навишт: “Моро аҳмақ фикр накунед”.

Вай гуфт, ки огоҳона мардуми Бритониёро дар бораи вуҷуди силоҳи қатли оми Саддом Ҳусейн гумроҳ накардааст, чунки ӯ муътақид буд, ки ин кишвар тавони идомаи эҷоди ин гуна силоҳро доштааст ...
Аксар матбуоти бритониёӣ дар шумораҳои рӯзи шанбеашон ҳузур ва тарзи посухгӯии Блэрро дар ин нишаст хеле шоиста, озод ва мағрур арзёбӣ карданд, ки албатта бештар лаҳни худдифоиро доштааст.

Блэр ба саволҳои комиссиюн оид ба тасмими воридшавии нирӯҳои бритониёӣ ба хоки Ироқ дар моҳи марти соли 2003 посух дод. Нахуствазири собиқ гуфт, ки ҳамоно мӯътақид аст, ки ҳафт соли пеш тасмими дуруст гирифта буд.

Дар ҳоле, ки бисёриҳо қарори пуштибонии Лондонро аз тасмими Вашингтон барои ворид шудан ба хоки Ироқ чун иқдоми иштибоҳии ӯ ва обрӯрезӣ интиқод кардаанд, худи Блэр мегӯяд, аслан аз ин чиз пушаймон нест.

Бояд гуфт, дар соатҳои ба комиссиюн даъват шудани Тони Блэр дар берун садҳо нафар, ғолибан хешу ақрабои 179 сарбози бритониёии дар Ироқ кушташуда раҳпаймоӣ карданд. Яке аз онҳо Тереза Эванс буд, ки писари 24-солаашро дар ҷанги Ироқ аз даст дод ва ӯ ба тарзи посухгӯии Блэр дар ин комиссиюн бо хашму ғазаби зиёд вокуниш нишон медод.

Вай мегӯяд, “дар як лаҳза ӯ тамасхур кард. Вай тамасхур карду баъд хандид. Ва ингуна рафтор шадидан дили як модарро озор медиҳад. Шумо бубинед, ки ин ҷо чӣ қадар падару модару хоҳару бародарҳои зиёд истодаанд. Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки бо ин лаҳн сӯҳбат хоҳам кард, вале ҳоло фикр мекунам, ки воқеан ҳам бояд чизе гуфта шавад. Мо бояд барои наслҳои ояндаамон бигӯем, ки чӣ гузашт. Мо бояд ингуна ошкору воқеӣ бигӯем, чунки мо набояд як чунин як нахуствазире дошта бошем, ки бо мо ингуна рафтор кунад”.

Зимни посухгӯиаш Блэр танҳо дар робита ба як чиз аз ҳозирин пӯзиш хост. Вай гуфт, ки шурӯи ҷанг дар Ироқ, ки боиси эътирозҳои шадид шуд, собит кард, ки ҷомеа дар ин замина ихтилофи назар дорад.

Вале дар заминаи суолҳои аслӣ, аз назари матбуот, Блэр посухҳои ғайримунтазира дод. Масалан вай гуфт, ки миёни ӯ ва раисиҷумҳурии вақти Амрико Ҷорҷ Буш ҳеҷ навъ машварат ё муомилаи қаблие пеш аз шурӯи ҳамла болои Ироқ сурат нагирифтааст.

Вай гуфт, ки огоҳона мардуми Бритониёро дар бораи вуҷуди силоҳи қатли оми Саддом Ҳусайн гумроҳ накардааст, чунки ӯ мӯътақид буд, ки ин кишвар тавони идомаи эҷоди ин гуна силоҳро доштааст. Вай гуфт, ки ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 болои ИМА аслан арзёбиҳои хатарҳоро дигар кард.

Нашрияи The Independent навиштааст, бо вуҷуди ин ки Блэр пайваста талош мекард аз худ дифоъ кунад, аммо аъзои комиссиюн ҳам зиёд бо саволҳои ҳассос ӯро ба чолиш намекашонданд.

Дар баъзе дигар арзёбиҳои нашрияву телевизионҳои бритониёӣ лаҳни нахуствазири пешин ҳатто шабеҳи як рӯҳонӣ ё мулло сифат дода шудааст, ки “кӯшиши дарс додани” мухотабонашро мекард.

Тибқи иттилои ҳукумати Бритониё, кори таҳқиқотии комиссиюни Ироқ то охири соли ҷорӣ идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG