Тонӣ Блейр – нахуствазири Бритониё, ки ҳоло дар ҳузури ҷомеа ба суолҳои сахте доир ба ҷанги Ироқ посух медиҳад. Вай имрӯз гуфт, ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба Амрико ба шеваи бардошти ҳукуматаш аз иттилоъоти махфӣ таъсир гузошт. Аз ҷумла ба гузоришҳо доир ба хатари режими Саддом Ҳусайн ва он ки вай, саъй дорад, то артишро тақвият ва захираҳои силоҳҳои куштори ҷамъиро барқарор намояд.