Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нони исрофӣ ва оҳугузари Амрико


Носири Улмасзод
Носири Улмасзод

Вақте ки ман ба Амрико омадам, дар як ресторан ба кор даромадам. Бовар намекунед, коргарон аз болои нонрезаҳо пой монда мегузаранд. Нонро ба қуттии ахлот мепартоянд.

Боре ман хостам, кулчаҳоеро, ки рӯяшон мураббо ва равғани маска дошту ба қуттии партов партофта буданд, аз он ҷо бигирам, сардор инро дида ба хашм омад ва қариб буд, маро аз кор берун кунад.

Нонеро, ки ба фурӯш нарафтааст, мепартоянд. Сардор ба ман иҷозат дод, аз чунин нонҳо ҳар рӯз 2 дона бо худ бигирам. Охир хеле бомаззаанд ва чунин нонро дар фурӯшгоҳҳо намешавад пайдо кард, зеро бо равғану қаймоқ пухта мешаванд. Аз чашмонам ашк равон мешавад, зеро хоҳарону додаронам ба ёдам мерасанд.

Дар ҳамаи фурӯшгоҳҳо нон мефурӯшанд ва бисёре аз тоҷикони мо шаб бо тамиз кардани мағозаҳо машғуланд ва онҳо мегӯянд, ҳуш аз сари кас мепарад, зеро ҳар рӯз садҳо килограм нонро мепартоянд. На танҳо нон, балки садҳо килограм ангуру тарбузу консерваҳоро ҳам мепартоянд. Вақте ки мо дар мактаб мехондем, муаллимҳо мегуфтанд, ки капиталистон барои наафтодани нарх ҳамаро ба уқёнус мепартоянд, бовариамон намеомад. Акнун фаҳмидам, ки ҳамаи ин гапҳо рост будааст.

Дар шаҳри мо оҳу бисёр аст ва ҳатто сари роҳҳо нишонаи зада шудааст, ки ман онро "Роҳи оҳу" ё "Оҳугузар" меномам. Ронандаҳо бояд ба оҳу роҳ диҳанд. Дар миёнаи шаҳр ҷангалҳо бисёранд ва ҳамаи онҳо шахсиянд. Не, фикр накунед, ки оҳуҳо дастпарвари мардуманд, онҳо ваҳшиянд. Аз як ҷангал ба ҷангали дигар гузашта зиндагӣ мекунанд. Ба фикрам, амрикоиҳо гӯшти оҳуро намехӯранд.

Ду бор аз пеши мошини ман 5 оҳу гузашт. Боре як оҳу бо бачааш. Ман мошинро боздоштам, модароҳу гузашт, аммо баччааш тарсид. Ман интизор мондам. Оҳубарра ҳам баъд аз фурсате гузашт.

Дар шаҳри мо, гарчанде ки аз Душанбе калонтар аст, автобус нест. Ҳама мошини худро доранд, ба кӯру шал ҳам права медиҳанд. Масалан, ман як чашмам қариб ки намебинад, дигараш бо айнаки +5,5 аст, права доданд.

Дар ин ҷо якмоҳа музди корат зиёда аз 2000 доллар аст. Як мошини доштагию лекин хушсифат харидан мумкин. Масалан, ман ба 4000 доллар як мошини сабукрав, лекин "бортовой" харидам, ки дар ин ҷо "трак" ё "пикап" меноманд. Дар бадали 10 сол ин мошинро меронам, агар таъмири майда-чуйдаро ба ҳисоб нагирем, ҳоло ҳам нағз аст. Дар ин ҷо як тоҷик аст, ки устохонаи таъмири мошин дорад. Номаш Улуғбек, худаш ҷони одам, бисёр меҳрубон.

Амрикоиҳо мошинро бештар аз панҷ сол истифода намебаранд. Барои ҳамин мошини истифодашударо ҳеҷ кас намехарад. Фақат навомадагон мехаранду халос.

Понздаҳ сол боз мошин меронам, ягон бор полис маро надоштааст. Дар ин ҷо агар ба қоида риоя кунӣ, полис намедорад. Дар Душанбе, дар ҳар кунҷ 5-тогӣ милиса меистад ва гӯё на барои он ки аз ягон авария пешгирӣ кунанд, балки барои он ки шуморо нигаҳ доранд ва пулатонро гиранд.
XS
SM
MD
LG