Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико таҳримҳои нави алайҳи Эронро тасвиб кард


Сенати Амрико тарҳи қонун дар бораи таҳримҳои шадидтар алайҳи Эронро пазируфт. Ин санад ба раисиҷумҳури ИМА ваколат медиҳад, ки фаъолияти ширкатҳои содиркунандаи бензин ба Эрон ва муассисаҳои сармоягузор ба бахши энерҷии Эрон дар қаламрави кишварро маҳдуд созад.

Аз ин пеш як тарҳи дигари марбут ба шадидтар кардани таҳримҳо алайҳи Теҳрон аз сӯи Маҷлиси намояндагони ИМА пазируфта шуда буд. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик Кохи сафед бастаи нави таҳримҳо алайҳи Эронро ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод кунад.

Дар ҳамин ҳол Чин изҳор намуд, ки бо пешниҳоди Вошингтон барои ҷорӣ кардани таҳримҳои шадидтар алайҳи Эрон мувофиқ нест ...
Дар ҳамин ҳол Чин изҳор намуд, ки бо пешниҳоди Вошингтон барои ҷорӣ кардани таҳримҳои шадидтар алайҳи Эрон мувофиқ нест. Янг Ҷичӣ, вазири умури хориҷии Чин, бори дигар таъкид кард, ки қазияи барномаи ҳастаии Эрон бояд фақат аз роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл шавад.

Ӯ ин мавзӯъро дар долонҳои конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон дар Лондон бо ҳамтои амрикоияш Ҳилларӣ Клинтон баррасӣ намуд. Хонум Клинтон мегӯяд, ки мавқеи Эрон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ интихоберо ба ҷуз афзоиши фишор болои ин кишвар боқӣ нагузоштааст.

Вазири умури хориҷии ИМА ба хотири дарёфти пуштибонии бештар барои ҷорӣ кардани таҳримҳои шадидтар алайҳи Теҳрон рӯзи панҷшанбе бо ҳамтоҳояш аз Бритониё, Фаронса, Олмон ва Итолиё низ музокирот анҷом дод.

Аз ин пеш вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфта буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад муддати тулонӣ интизори посухи Эрон ба пешниҳодҳо оид ба барномаи ҳастаии кишвар бимонад. Коршиносон ин изҳоротро чун омодагии Маскав барои пуштибонӣ аз пешниҳоди Вошингтон барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нав болои Теҳрон арзёбӣ карданд.

Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад ва аммо кишварҳои Ғарб Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG